Artwork

Контент предоставлен YOUR.TJ. Весь контент подкастов, включая выпуски, графику и описания подкастов, загружается и предоставляется непосредственно YOUR.TJ или его партнером по платформе подкастов. Если вы считаете, что кто-то использует вашу работу, защищенную авторским правом, без вашего разрешения, вы можете выполнить процедуру, описанную здесь https://ru.player.fm/legal.
Player FM - приложение для подкастов
Работайте офлайн с приложением Player FM !

“Ин савол”: Киокушинкай ин қувват аст ё интизом?

40:02
 
Поделиться
 
Manage episode 332476070 series 2862305
Контент предоставлен YOUR.TJ. Весь контент подкастов, включая выпуски, графику и описания подкастов, загружается и предоставляется непосредственно YOUR.TJ или его партнером по платформе подкастов. Если вы считаете, что кто-то использует вашу работу, защищенную авторским правом, без вашего разрешения, вы можете выполнить процедуру, описанную здесь https://ru.player.fm/legal.

Дар Тоҷикистон аз соли 2007 – ум инҷониб Федератсияи Киокушинкай каратэ–до фаъолият мекунад, ки то имрӯз дар сар то сари кишвари беш аз 2 ҳазор ҷавононро дар ин навъи варзиш тарбият намудааст. Устодони ин навъи варзиш, ки яке аз мушкилтарини намудҳои каратэ мебошад, бар он назаранд, ки киокушинкай барои дар руҳияи ватандустӣ тарбият намудани ҷавонон мусоидат мекунад.

Киокушинкай, аз забони ҷопонӣ "ҷомеъаи волотарин ҳақиқат" тарҷума мешавад. Ин як шеваи каратэест, ки аз ҷониби Масутатсу Ояма, яке аз маъруфтарин намояндагони санъати ҳарбӣ, дар соли 1950 таъсис ёфтааст. Киокушинкай яке аз намудҳои ҷолибтарин санъати ҳарбӣ мебошад. Мухорибаҳо дар он бе асбобу анҷоми муҳофизатӣ сурат мегиранд, ки варзишгарон ҳангоми ҷанг алоқаи пурра доранд.

Оиди фаъолият ва вазифаҳои Федератсияи Киокушинкай дар Тоҷикистон ва нақши он дар масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм бо назардошти осебпазирии ҷавонон, бо Раиси Федератсияи Киокушинкай каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи 5-уми дан, Шиҳан (ягона нафар дар Осиёи Марказӣ, ки бо ин унвон шарафёб шудааст) Ҳикматулло Кароматов, суҳбат кардем.

Раиси Федератсия Киокушинкай мегӯяд, ки мақсади асосии фаъолияти федератсия ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон ва ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳост.

“Мақсади асосии Федератсияи каратэ киокушинкай ин оммавӣ гардонидани варзиш, барои солим гардониии ҷомеа, ташвиқу тарғиби ин навъи каратэ, муаян намудани беҳтарин варзишгарон ва ташкили дастаҳои мунтахабу мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ , мебошад”, - мегӯяд Ҳикматулло Кароматов.

Ба қавли Ҳикматулло Кароматов, киокушинкай на танҳо барои беҳдошти саломатии инсон мусоидат мекунад, балки қоидаву улслуб ва фалсафаи ин варзиш ба тарбияи ҷавонону наврасон таъсири мусбат мерасонад ва шуурнокии онҳоро баланд мегардонад ва барои пешбурди зиндагӣ нерӯи тоза мебахшад.

“Дар давраи авҷи пандемия яке аз шогирдони ман ба бемории COVID – 19 гирифтор шуд ва хеле ҳолаташ вазнин буд. Ҳатто ба ман занг зад ва узр хост, ки бо ин беморӣ мубориза бурда наметавонад ва шояд дигар якдигарро набинем. Вале вақте духтур ба ӯ бояд шушҳоятро машқ бидиҳӣ ва ҳаворо пайваста барорӣ. Дар ҳамин ҳол ӯ гуфтааст,ки ман каратэ кушинкай машқ мекунам ва мо як услуби хосе дорем, ки он “ката” ном дорад, ӯ ҳамин амалро ба духтур нишон додааст ва духтур гуфтааст пайваста ҳаним амалро иҷро кун, сиҳат меёбӣ. Пас аз ин шогирдам ба зудӣ шифо ёфт. Метавонем бигӯем, ки варзиш барои шифоёбии ин ҷавон мусоидат кард”, - нақл мекунад, Кароматов.

Дар бораи хусусиятҳои хоси киокушинкай, мусобиқаҳову дарёфти унвонҳо дар ин навъи варзиш дар подкасти мо маълумот бигиред!

  continue reading

148 эпизодов

Artwork
iconПоделиться
 
Все серии

×
 
Loading …

Добро пожаловать в Player FM!

Player FM сканирует Интернет в поисках высококачественных подкастов, чтобы вы могли наслаждаться ими прямо сейчас. Это лучшее приложение для подкастов, которое работает на Android, iPhone и веб-странице. Зарегистрируйтесь, чтобы синхронизировать подписки на разных устройствах.

Краткое руководство